Оиди Корхона

      Раванди ноил шудан ба мақсадҳои ислоҳоти  гузаштаистода ва таъмини низоми мувофиқи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа талаб мекунад,  ки мо бояд мақомоти пуриқтидори ҳифзи суғуртавӣ дошта бошем. президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                                                                  Эмомалии Раҳмон

      Хонандагони азиз! Пеш аз он, ки оиди фаъолияти суғуртаи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳем, меҳоҳам Шуморо ба гузашта, имрӯза ва ояндаи «Тоҷиксуғурта» шинос намоям.

      Ҳанӯз соли 1924 тибқи Қарори Кумитаи Инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, Комиссарияти Халқии Молияи Ҷумҳурӣ (дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон) таъсис ёфт ва дар сохтори он Идораи суғуртаи давлатӣ низ ташкил дода шуд.

      Дар ин давраи тӯлонӣ суғуртаи давлатӣ ба корафтодагону зарардидагони Тоҷикистон хизмати софдилона расонида истодааст.

      Баъди ба даст даровардани истиқлолият дар Тоҷикистон дар фаъолияти суғуртаи давлатӣ тағъиротҳои куллӣ ба амал омад.

Соли 1991 бо Қарори Девони Вазирони Ҷумхурии Тоҷикистон, Саридораи суғуртаи давлатии Вазорати Молия ба Созмони Тиҷоратии суғуртаи давлатии Тоҷикистон табдил дода шуд! Ин қарор бо мақсади пешбинӣ намудани кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурӣ, таъмини ҳифзи суғуртавии манфиатҳои давлатӣ, ҷуброни саривақтии талафот, ки аз офатҳои табии ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда ба амал меоянд, ба миён омад.

      Аз сабаби он ки Идораи суғуртаи давлатӣ ба тиҷорат сару кор надошт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 18 августи соли 1994 Созмони Тиҷоратии суғуртаи давлатии Тоҷикистонро ба Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон табдил дод. Ҳамин тавр идораи давлатии суғуртаи Тоҷикистон муассисаи мустаъқил гардид. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ширкати вилоятию шаҳрӣ ва 65 шӯъба ва филиалҳои Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон («Тоҷиксуғурта») тавассути 36 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ, ташкилоту идораҳо, вазоратҳо сафоратхонаҳои хориҷӣ хизмат мерасонад. Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон фаъолияти худро ҳамарӯза дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта», ки рӯзи 20 июли соли 1994 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст ба роҳ монда, оиди рушду нумуъи суғурта кӯшиши зиёде ба харҷ дода истодааст.

      Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон аз соли 1999 узви комилҳуқуқи Асотсиатсияи Ширкатҳои Давлатии суғуртаи мамлакатҳои муштаракулманофеъ мебошад. Аз соли 2003 «Тоҷиксуғурта» бо Ширкатҳои суғуртаи Ҷумҳуриҳои Россия ва Латвия шартномаҳои ҳамкорӣ баста, оиди омӯзиши таҷрибаи якдигар корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд.

      Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 429, аз 30 августи соли 2011 Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» номгузорӣ карда шуд.

А.Сатторов  Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта»

 

Share to MyWorld
Share to Odnoklassniki