Категория: Маълумот

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуров

8 сентябри соли 2017 дар Қасри миллат  Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуровро, ки ҳамчун роҳбари ин ниҳод нахустин маротиба ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

2017-09-05odkb_0

Дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус баргузор мегардад, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои корҳо ҷиҳати таъсиси системаи ягонаи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштироккунанда дар соҳаи мудофиа ва амният, ки давоми 25 соли имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15 соли таъсисёбии Созмон, амалӣ шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо оид ба мавқеи ягонаи кишварҳои аъзои созмон доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон барои таъмини амнияти ҳудуди давлатҳо ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҳамкории дастаҷамъии сохторҳои марбутаи кишварҳои аъзо дар самти баланд бардоштани самаранокии кори амалиётҳои муштараки фаврӣ ҷустуҷуӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ифтитоҳи майдончаи варзиши дар кучаи М.Маҳмадали (Фучик)-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Изображение 193

Дар асоси банди 8 Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишї дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо Фармоиши Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, №9-ф тасдиқ гардидааст ва банди 3 Протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 24 феврали соли 2017, №2к/9-24, њамзамон банди 2 қарори Раиси шањри Душанбе аз 28 феврали соли 2017, №85 Корхонаи воҳиди давлатии «Тољиксуѓурта» майдоначаи варзиши сохтаашро дар кўчаи М.Маҳмадалї (Фучик)-и ноњияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, назди бинои истиқоматии 100/1, санаи 4 августи соли 2017 дар иштироки роҳбарияти Корхона, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинї ва раиси ноҳияи Фирдавсї Табарзода Ҷамшед ба истифода дод.

Изображение 222

Майдончаи варзишӣ барои сокинони кучаи М.Маҳмадали  (Фучик)-и ноњияи Фирдавсии пойтахт њамчун тӯҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Соли ҷавонон буда, иншооти мазкур аз майдончаи универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ ва нишастгоҳҳо барои истироҳати сокинон иборат буда,» он аз тарафи Ширкати сохтмонии ҶСП «Сомон-Таҷҳизот сохат шуда, дар масоҳати 750 метри мураббаъ доман паҳн кардааст.

Изображение 173

Бо бунёди ин ва дигар иншооти варзишӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар баробари фароҳам омадани шароити арзандаи истироҳату фароѓати сокинон, тамрину ба варзиш машѓул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхӯшии кӯдакон гӯшаҳои гуногуни пойтахт ободу зебо мегарданд, ки ин аз ҳадафњои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои мусоири шаҳрсозӣ ба шумор меравад.

Изображение 161

Фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар нимсолаи якуми соли 2017

Изображение 007

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2016 оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти Ҷумҳурӣ дар нимсола якуми соли 2017, 4 августи соли 2017 натиҷаҳои фаъолияташро дар нимсолаи якуми соли 2017 дар иштироки 25 нафар намояндагон аз васоити ахбори омма аз 20 расонаҳои хабарии расмиву мустақил мавриди баррасӣ қарор дод.

Изображение 010 Давомаш

Фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар нўҳ моҳи соли 2016

Изображение 008

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» 17 октябри соли 2016 дар маҷлиси васеъ натиҷаҳои фаъолияташро дар нўҳ моҳи соли 2016 баррасӣ намуд.

Қайд гардид, ки “Тоҷиксуғурта”  дар ин давра бо 912 ҳазору 236 шахсони воқеию ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ бастааст, ки аз онҳо 253 ҳазору 397 адад аз намудҳои ҳатмии суғурта ва 658 ҳазору 839 адад аз намудҳои ихтиёрии суғурта мебошад. Давомаш