Категория: Маълумот

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва боздид аз боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” дар Хоҷагии фермерии “Асадулло”

1 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Боғи намунавии интенсивии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” оғоз гардид.

ФахрободМавриди зикр аст, ки боғи мазкур аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 2016 дар майдони 160 гектар дар ҳудуди Хоҷагии фермерии “Асадулло” бунёд шудааст. Бо таъсиси боғи нав беш аз 300 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд.

БОГБунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.

Мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон солҳои пешин бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавии худ хеле машҳуру овозадор буд ва тайи солҳои охир бо супоришу раҳнамоии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии боғу токзори харобгаштаи он дубора оғоз ёфта, боғу токзори нави намунавӣ бунёд меёбанд. Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки Президенти мамлакат бо амалӣ кардани он ба беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ин минтақа заминаи мусоид фароҳам оварданд, ин бунёди ҳазорон гектар боғи нав ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи корӣ мебошад. Танҳо дар заминҳои Хоҷагии фермерии “Асадулло” солҳои охир бо афзоиши майдони боғу токзор зиёда аз ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд.

БОГ 2Дар Хоҷагии фермерии Асадулло давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Дар боғи интенсивии себ 30 намуди ниҳоли дарахти себ, аз ҷумла Новелла, Даря, Эрлимак, Редфрӣ, Дейтон, Прима, Флорина, Либертӣ, Голдраш, Чемпион, Пинова, Фуджӣ, Грани Смит ва ғайра шинонида шудааст. Дар маҷмуъ боғу токзори хоҷагӣ беш аз 2000 гектарро ташкил медиҳад. Таваҷҷуҳ ба боғи интенсивӣ бештар буда, дар маҷмуъ боғи интенсивии себ дар ин хоҷагӣ беш аз 200 гектарро ташкил медиҳад. Дар 5 соли оянда меҳнаткашони хоҷагӣ мақсад доранд боз садҳо гектар боғи нав бунёд намоянд.

Дар ин хоҷагӣ бо ҳидояту маслиҳатҳои муфиди Президенти мамлакат беш аз 10 намуди ангур ва дар ҳазорҳо гектар навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ, челон ва лиму ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ ҳамчунин қитъаи ниҳолпарварӣ дорад ва имкон аст, ки худ ва дигар хоҷагиҳои боғутокпарвариро бо навниҳолҳои хушсифат таъмин намояд. Боғу токзор ва зироатҳои обталаби ин мавзеъ бо истифода аз технологияҳои муосир ба тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд.

Сарвари давлат ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон дастур доданд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд. Бино ба таъкиди Президенти мамлакат дар ноҳияи Хуросон имкон фароҳам аст, ки ба хориҷи кишвар ба ғайр аз меваю сабзавоти тару тоза ва хуштамъ, инчунин маҳсулоти консервашуда содирот гардад. Аз ин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ташкил карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки табиат ва иқлими Тоҷикистон барои парвариши на танҳо зироатҳо, балки барои рушди боғу токпарварӣ хеле мувофиқ мебошад. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020” дар саросари кишвар бо дастуру ҳидоят ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна бомаром идома дорад.

Корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ бомаром идома дорад. Дар гушаву канори ноҳияҳои пойтахт дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳои гуногун шинонида мешавад, ки ба симои марказҳои фарҳангию истироҳатӣ таровати тоза мебахшанд. Ҳамаи ин тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ, ки аз аҷдодони пурифтихор ба мо мерос мондааст, бо роҳнамоию ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат сурат мегирад ва он аз завқи баланди зебоипарастии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

 

Мулоқот бо Ноиби Президент – Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт

Дар шаҳри Ню-Йорк 21 сентябри соли 2017 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президент – Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт баргузор шуд.

электрикАз имкони мулоқоти дуюм дар давоми соли равон изҳори аноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки уколамаҳои доимӣ дар оянда ба густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Ширкати “Ҷенерал Электрик” такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои манфиатборро дар соҳаи энергетика ва истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таъмини таҷҳизоти муосири энергетикӣ таъкид карда, изҳори боварӣ намуданд, ки истифодаи таҷриба ва имконияти муосири Ширкати “Ҷенерал Электрик” метавонад дар пешрафти соҳаҳои номбаршуда нақши калон гузорад.

Дар мулоқот доир ба дигар паҳлӯҳои манфиатбори ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Штатҳои Муттаҳидаи Америка табодули афкори судманд доир гардид.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш

Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 19 сентябри соли 2017 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш баргузор шуд.

СММ

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки сафари имсолаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни Созмони милал заминаҳои наве фароҳам оварда, табодули афкори дуҷониба барои муайян кардани самтҳои авлавиятноки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид мусоидат намуданд.

Нақши Созмони Милали Муттаҳид дар мусоидат ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳо ва мардуми ҷаҳон барои сулҳу субот ва рушди устувор таъсиргузор арзёбӣ шуд ва таъкид гардид, ки дар ҳамин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурдаи худро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он минбаъд низ идома хоҳад дод.

Ба нақши Тоҷикистон аз ҷумла дар иштироки фаъол дар татбиқ ва роҳандозии Рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин дар ташвиқу таблиғи мудирият ва истифодаи оқилонаи ин манбаи барои инсоният ҳаётан муҳим баҳои баланд дода шуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 фаъолона мусоидат намуда, дар рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо нақш мегузорад.

Дар мулоқот доир ба татбиқи амалии ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” ва дигар мавзуҳои муҳими аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, аз ҷумла, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди мунтазами гидроэнергетика дар Тоҷикистон, ҷонибдорӣ аз ташаббуси “Энергияи устувор барои ҳама”, бунёди “Пули энергетикӣ” CASA-1000, ҳифзи захираҳои об, пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим, кам намудани партовҳои газҳои зарарнок ба ҳаво ва ғайра фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамдастӣ дар таъмини амнияту субот дар Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ табодули афкор намуданд.

 

МулоқотиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар

12 сентябри соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷарро ба ҳузур пазируфтанд.

БИР

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории имрӯза ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории созандаи дуҷониба давоми 20 сол дар самти татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва заминсозӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки аз оғози ҳамкорӣ бо бонк маблағи зиёда аз 335 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок равона гардидааст. Айни ҳол, дар кишвар ба маблағи зиёда аз 173 миллион доллари амрикоӣ 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар самти маориф, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, энергетика, обёрӣ намудани заминҳо ва нақлиёт амалӣ шуда истодааст. Соли ҷорӣ аз тарафи Бонки Исломии Рушд ду лоиҳаи дигар – сохтмони ду қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб ва лоиҳаи беҳтар намудани хадамоти саломатии модар ва кӯдак ҷонибдорӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030-ро, ки бо мақсади густариши рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар қабул гардидааст, баррасӣ карданд.

Дар мулоқот омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои Бонки Исломии Рушд, алалхусус, «Барномаи махсус барои Осиёи Миёна барои солҳои 2016 – 2020» ва «Фонди ҳаёт ва воситаҳои ҳаёт» таъкид карда шуд.