Маълумот оид ба натиҷаҳои фаъолияти КВД «Тоҷиксуғурта» дар се моҳаи якуми соли 2014

маълумот
      Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар семоҳаи якуми соли 2014-ум 296 ҳазору 971 адад шартномаҳои суғуртавӣ баста шуд, ки 84 ҳазору 757 адад аз намудҳои ҳатмии суғурта ва 212 ҳазору 214 ададаш аз намудҳои ихтиёрии суғурта мебошанд.
      Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ дар семоҳаи якуми соли 2014 нақшаи пешбинишуда 102 фоиз иҷро гардид.
      Аз ҳаҷми умумии воридоти суғуртавӣ 67,5 фоиз ба намудҳои ҳатмӣ ва 32,5 фоиз ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб буда, ин нишондиҳанда дар давраи муқоисавӣ мутаносибан 72 ва 28 фоиз буд.
Ҳиссаи «Тоҷиксуғурта» дар бозори суғуртаи Ҷумҳурӣ оид ба воридоти ҳаққи суғуртавӣ 62,5 фоизро ташкил дода, ҳақгузории ҷуброни зарар бошад 63,0 фоизро ташкил медиҳад.
      Дар ин давра ба 3 ҳазору 540 ашхоси ҳуқуқию воқеӣ, ки молу амвол ва ҳаёту саломатиашон осеб дидаанд, ба маблағи 2 миллиону 874 ҳазору 800 сомонӣ ҷуброн карда шуд.
      Корхона ба буҷети Ҷумҳурӣ 6 миллиону 161 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронид, ки аз ин 3 миллиону 896 ҳазору 700 сомонӣ аз ҳисоби суғуртаи намудҳои ҳатмӣ буда, 2 миллиону 263 ҳазору 800 сомонӣ аз ҳисоби дигар намудҳои андоз мебошад.
      Бо мақсади ҳамраъйӣ ба сиёсати кадрӣ дар Ҷумҳурӣ ва такмили низоми роҳбарӣ, ҷобаҷогузории кадрҳои ҳайати роҳбарикунанда, ки ба пешрафти фаъолияти КВД «Тоҷиксуғурта» ва воҳидҳои сохтории он мусоидат менамояд ва ҳамзамон бо назардошти зарурияти истеҳсолӣ дар семоҳаи якуми соли 2014 ҷойи кории 10 нафар кормандон иваз карда шуд, ки ин амал самараи дилхоҳ дода, ба иҷрои нақшаҳои корӣ, беҳтар гаштани фаъолият ва дар натиҷа ба баланд гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодии Корхона мусоидат намуд.
      Барои солимгардонии фазои суғуртаи давлатӣ, ба роҳ мондани хизматрасонии суғуртавӣ ва таъмини кафолати ҷуброни зарар ҳангоми расонидани осеб ба  ҳаёт ва саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони ба хориҷа сафаркунанда шартномаи ҳамкорӣ бо ҶСКС «Всероссийская страховая компания» баста шуд, ки натиҷаҳои ба мақсад мувофиқ дода истодааст.
      Ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва ба маълумоти мўҳоҷирони меҳнати расонидани моҳияти шартномаи мазкур дар ин давра тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла «Шабакаи якум», Телевиззиони «Ҷаҳоннамо», Радиои Тоҷикистон ва дигар маҷаллаю рўзномаҳои даврӣ барномаҳои махсус ба роҳ монда шуд, ки он боиси рўз то рўз зиёд гардидани шумораи шартномаҳои суғуртавӣ бо муҳоҷирон гардида, дар семоҳаи якуми соли 2014 аз ин ҳисоб 296 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид шуда, 3423 муҳоҷирони меҳнати таҳти суғурта фаро гирифта шуд.
      Дар Корхона иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» рўзҳои шанбе ва рўзҳои корӣ қабули шаҳрвандон дуруст ба роҳ монда шуда, баррасии саривақтии муроҷиатҳои хаттию шифоҳии онҳо аз ҷониби кормандони масъул таҳти назорати доимӣ қарор дода шудааст.
      Шаҳрвандон дар давоми семоҳаи якуми соли 2014 ба ҳамаи  134 муроҷиатҳои хаттиашон, ки бештар масъалаҳои пардохти товони зарари ба саломатӣ ва ё ба молу амволашон расидаро дар бар мегирифт ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

SAM_0024
      Дар арафаи иди Наврўз аёдати собиқадорони соҳа ва беморону барҷомондагон аз ҷониби масъулини Корхона ба роҳ монда шуда, ба мактаб-интернати ятимони деҳаи Арали ноҳияи Восеъ, ки сарпарастии онро Корхона ба зимма дорад, мувофиқ ба эҳтиёҷоти муассисаи мазкур  бо маводи ғизоӣ, ду адад компютер  ва як адад принтер ба маблағи 9000 сомонӣ таъмин карда шуд.
      Ҳамзамон бо мақсади ҳиссагузорӣ дар Ҳуҷҷати стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурӣ ва таъмини иҷрои супориши банди 10 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2014, №2, банди 7 Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2014, №2 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, №25-7 аз ҳисоби маблағҳои худӣ ба кўдакону наврасони ятим, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳои камбизоат, пиронсолону маъюбон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ дар арафаи Иди мазкур ба андозаи 24628 сомонӣ кўмакҳои  яквақтаинаи  моддӣ  расонида шуд.
      Кормандони КВД «Тоҷиксуғурта» ва воҳидҳои сохтори он дар 9 моҳи ояндаи соли равон, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни дар пеш истода 17 солагии рўзи Ваҳдати миллӣ, 23 солагии Истиқлолияти Кишвар ва 20 солагии Сарқонун (Конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи нишондод, супориш ва амру дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  фаъолият намуда, бо андешидани тадбирҳои зарурӣ ба маданияти баланди хизматрасонӣ ноил гардида, аз иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда ба хубӣ барояд ва дар ғанӣ гардонидани буҷети Ҷумҳурӣ саҳми  муносиб  гузорад.

Share to MyWorld
Share to Odnoklassniki