Суғуртаи Ҳатмӣ

Намудҳои cyғyртаи  ҳатмӣ – Суғуртаи ҳатмӣ мувофиқи санадҳои дахлдори қонуни ҷорӣ карда мешавад.
Суғуртаи ҳатмии амвол бемӯҳлат аст, яъне он то лаҳзае амал мекунад, ки амволи суғурташаванда дар хоҷагӣ вуҷуд дорад.
Суғуртаи ҳатмии шахсӣ бошад, мӯҳлати муайян дорад ва пурра аз супоридани ҳақи суғуртавӣ вобаста мебошад.

Номгўи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ
Номи Қарори қабулшуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Совети Вазирон)
Ставка
1.Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатӣ аз ҳодисаҳои нохўши барои шахсоне, ки дар корҳои барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок кор мекунанд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 1996 № 36 1,5 % аз маблағи суғуртавӣ, 100 каратаи маоши ҳадди аққал
2.Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии шахсии хизматчиёни ҳарбӣ, уҳдадорони ҳарбӣ, шахсони ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили ва кумита амнияти миллӣ Қарори девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 1992 № 223 ва аз 23 сентябри соли 1995 № 590 Маблағи суғуртавӣ + 10 % барои коргузорӣ, маблағи суғуртавӣ ба андозаи 100 каратаи музди ҳадди аққали меҳнат.
3.Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии амволи муассисаҳои кишоварзӣ сарфи назар аз шакли моликияташонҚарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 1994 № 36 Мувофиқи дастурамал аз 1998 сол № 158.
Зироатҳо аз 2,5 то 5 %, чорво аз 0,5 то 3 %, воситаҳои асоси аз 0,3 то 0,5 %
4.Дар бораи суғуртаи ҳатмии шахсии шахсони мансабдори мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1994 № 182 2 % аз маоши моҳона. Маблағи суғуртавӣ 10 каратаи маоши солона.
5.Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 1996 № 125 ва аз 7 апрели соли 1999 № 128 10 % аз маблағи суғуртавӣ
6.Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996 № 264 Аз 1 то 3,3 % аз маблағи суғуртавӣ
150 каратаи музди ҳадди аққали меҳнат
7.Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии хизматчиёни давлатӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 № 142 05 % аз фонди солонаи музди меҳнат, маблағи суғуртавӣ музди меҳнати 5 сола.
8.Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии мусофирони нақлиёти автомобилӣ, обӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1999 № 25 2 % аз арзиши пули сафар, маблағи суғуртавӣ 300 каратаи музди ҳадди аққали меҳнат
9.Дар бораи суғуртаи ҳатмии даввлатии раиси Маҷлиси Олӣ ва вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 № 1295 % аз фонди 5 солаи музщди меҳнат, маблағи суғуртавӣ музди меҳнати
5 сола
10.Дар бораи суғуртаи ҳатмии прокуурорҳо ва муфатишон Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли соли 1996 «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷ.Т.»2 % аз музди меҳнати моҳона
11.Дар бораи суғуртаи ҳатмии судяҳо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1994 № 345 2 % аз музди меҳнати моҳона, маблағи суғуртавӣ мазди меҳнати 10 сола
12.Дар бораи суғуртаи ҳатмии иморатҳо, иншоотҳо ва амволи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2001 № 457 0,3 % аз маблағи суғуртавӣ (арзиши бино, иншоот ва амвол)
13.Дар бораи тасдиқи Созишномаи суғуртаи ҳатмии мусофирон дар мавриди интиқоли байналхалқии автомобилӣҚарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 № 372 1. то 200 км. 2 % аз нархи билет
2. аз 200 то 500 ка 3 % аз нархи билет
3. 500 км ва зиёд 5 % аз нархи билет
Share to MyWorld
Share to Odnoklassniki