Фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар нимсолаи якуми соли 2017

Изображение 007

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2016 оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти Ҷумҳурӣ дар нимсола якуми соли 2017, 4 августи соли 2017 натиҷаҳои фаъолияташро дар нимсолаи якуми соли 2017 дар иштироки 25 нафар намояндагон аз васоити ахбори омма аз 20 расонаҳои хабарии расмиву мустақил мавриди баррасӣ қарор дод.

Изображение 010

Бояд изҳор кард, ки Амри Сарвари Давлат ҷиҳати баррасии фаъолияти мақомоти Ҷумҳурӣ дар иштироки намояндагони васоити ахбори омма ва инъикоси шаффофияти фаъолияти Корхона ба болоравии нишондодҳои иқтисодии Корхона мусоидат намуд. Дар нимсолаи аввали соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи намудҳои суғурта ба ҷои 16 миллиону 625 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда, 18 миллиону 528 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид, ки 1 миллиону 903 ҳазор сомонӣ зиёд, ё 111,4 фоиз, аз он ҷумла, аз руи суғуртаи намудҳои ҳатмӣ ба ҷои 7 миллиону 330 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда,7 миллиону 573 ҳазор сомонӣ ва аз рӯи суғуртаи намудҳои ихтиёрӣ ба ҷойи 9 миллиону 295 ҳазор сомонӣ 10 миллиону 955 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки мутаносибан аз рӯи нақшаи шаклҳои суғурта ба 103,3 ва 117,8 фоиз баробар аст. Дар ин давра Корхона бо 400 ҳазору 751 ашхоси воқеиву ҳуқуқӣ шартномаҳои суғуртавӣ баст, ки аз инҳо 54 ҳазору 149 адад шартнома аз рӯи намудҳои ҳатмии суғурта ва 346 ҳазору 602 адад шартнома аз рӯи намудҳои ихтиёрии суғурта мебошад. Аз маблағи умумии воридгардида 40,9 фоиз ба намудҳои ҳатмӣ ва 59,1 фоиз ба намудҳои ихтиёрии суғурта таалуқ дорад.

Изображение 019

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 5 ҳазору 878 шахсони ҳуқуқию воқеӣ, ки молу амвол ва ҳаёту саломатиашон осеб дидаанд, ба маблағи 5 миллиону 176 ҳазор сомонӣ ҷуброн намуд, ки аз ин 1 миллиону 651 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби суғуртаи намудҳои ҳатмӣ ва 3 миллиону 525 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби намудҳои ихтиёрии суғурта мебошад. Аз маблағи умумии дар ин давра ба суғурташавандагон пардохткардашуда аз рӯи намудҳои суғурта чунинанд: – ба суғуртаи ҳаёт 38,5%; – ба суғуртаи масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт 28%; – ба суғуртаи амволи шаҳрвандон 23,7%; – ба суғуртаи ҳодисаҳои нохуш 2,9% таалуқ дошта, 6,9 фоизаш ба дигар намудҳои суғурта рост меояд. Корхона мувофиқи шартномаҳои суғуртавӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ талофии суғуртавиро ба маблағи 61 ҳазору 500 сомонӣ пардохт намуд, аз он ҷумла -дар ноҳияи Ш.Шоҳин 14 ҳазору 700 сомонӣ; -дар шаҳри Панҷакент 14 ҳазору 300 сомонӣ; -дар ноҳияи Ашт 14 ҳазор сомонӣ; – дар шаҳри Ваҳдат 8 ҳазору 500 сомонӣ; -дар ноҳияҳои Айнӣ 5 ҳазору 375 сомонӣ; -дар шаҳри Турсунзода 4 ҳазору 510 сомонӣ. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба буҷети Ҷумҳурӣ 5 миллиону 174 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карда шуд, ки аз ин 542 ҳазор сомониаш тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, №650 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби суғуртаи намудҳои ҳатмӣ буда, 4 миллиону 632 ҳазор сомониаш аз ҳисоби дигар намудҳои андоз мебошад, ки аз ин 1 миллиону 570 ҳазор сомониаш ҳаққи андози иҷтимоиро дарбар мегирад. Ба дастгоҳи марказии Корхона дар ин давра 439 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ворид шудааст, ки бештар масъалаҳои пардохти товони зарари ба саломатӣ ва ё ба молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳодисаҳои суғуртавӣ расидаро дар бар гирифта, саривақт ҳалли худро ёфтанд. Корхона бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №АП-159, банди 19 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, №2 ва банди 16 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2017, №5 дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз, иди Рамазон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ ба кӯдакону наврасони ятим, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат, пиронсолону маъюбон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ба андозаи 30 ҳазору 500 сомонӣ кӯмакҳои яквақтаинаи моддӣ расонид, ки аз ин 3500 сомониаш ба мактаб-интернати ятимони деҳаи Арали ноҳияи Восеъ пардохт гардидааст. Тибқи банди 8-и Нақшаи чорабиниҳо, ки бо Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, №9-ф тасдиқ гардидааст, Корхона вазифадор гардидааст, ки дар кӯчаи М.Маҳмадалӣ (Фучик)-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе майдончаи варзишии замонавиро сохта ба истифода диҳад ва айни ҳол сохтмони майдончаи варзишӣ пурра ба итмом расидааст, ки рӯзҳои наздик онро ба қабули комиссияи давлатӣ пешниҳод менамоем. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» пайваста ҷаҳд менамояд, ки минбаъд ҳам ба маданияти баланди хизматрасонӣ ноил гашта, аз иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда ба хубӣ барояд ва дар ғанӣ гардонидани буҷети Ҷумҳурӣ ва мустаҳкамгардонии пояи молиявии Кишварамон саҳми муносиб гузорад.

Изображение 012

Share to MyWorld
Share to Odnoklassniki