Фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар нўҳ моҳи соли 2016

Изображение 008

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» 17 октябри соли 2016 дар маҷлиси васеъ натиҷаҳои фаъолияташро дар нўҳ моҳи соли 2016 баррасӣ намуд.

Қайд гардид, ки “Тоҷиксуғурта”  дар ин давра бо 912 ҳазору 236 шахсони воқеию ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ бастааст, ки аз онҳо 253 ҳазору 397 адад аз намудҳои ҳатмии суғурта ва 658 ҳазору 839 адад аз намудҳои ихтиёрии суғурта мебошад.

Мувофиқи маълумотҳо аз ҳисоби ҳамаи намудҳои суғурта 43 миллиону 594 ҳазору 700 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардида, нақшаҳои пешбинишуда 102,1 фоиз иҷро шуд.

Аз ҳаққи суғуртавии воридгардида 26 миллиону 814 ҳазору 900 сомонӣ ба намудҳои ҳатмии суғурта ва 16 миллиону 779 ҳазору 800 сомонӣ ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб буда, ҳиссаи «Тоҷиксуғурта» дар бозори суғуртаи Ҷумҳурӣ оид ба воридоти ҳаққи суғуртавӣ 55 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҳаққи суғуртавии умумии дар ин давра воридгардида аз рўи шаклҳои суғурта мутаносибан 61,5 фоиз ба намудҳои ҳатмӣ ва 38,5 фоиз ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб буда, ин нишондиҳанда дар давраи муқоисавӣ 61,8 ва 38,2 фоиз буд.

Изображение 014

Аз маблағҳои ҳаққи суғуртавии воридгардида 10 миллиону 171 ҳазору 800 сомонӣ ба 10 ҳазору 591 нафар ашхоси молу амволашон нобуд ва ё вайронгардида, инчунин ба шаҳрвандони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида ҳақгузорӣ карда шуд, ки ҳаҷми ҳақгузории Корхона дар бозори суғуртаи кишвар  67  фоизро ташкил дод.

Инчунин дар ин давра Корхона мувофиқи шартномаҳои суғуртавӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Панҷакент 84,6 ҳазор, ноҳияҳои Айнӣ 10,8 ҳазор, Ашт 30,5 ҳазор, Рудакӣ 53,0 ҳазор, Нуробод 7,3 ҳазор, Шаҳристон 6,4 ҳазор, Варзоб 6,0 ҳазор, Файзобод 6,1 ҳазор, Дарвоз 5,3 ҳазор, Рашт 3,4 ҳазор ва шаҳри Ваҳдат як ҳазор сомонӣ, ҳамагӣ ба маблағи 129,8 ҳазор сомонӣ пардохт намуда, аз ҳисоби фоидаи софи филиалҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Панҷакент ва Кўҳистони Мастчоҳ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои мазкур дар ҳаҷми 31 ҳазору 200 сомонӣ маводҳои ғизои харидорӣ ва дастрас кард.

Ҳамзамон, Корхона дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  13 июни соли 2016, №254 “Дар бораи расонидани кумаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Рўдакӣ”, ки санаи 12-14 майи соли 2016 ба вуқуъ омада буд, сарфи назар аз мавҷудияти шартномаҳои суғуртавӣ ба 32 хоҷагии пурра зарардида 2 ҳазор сомонигӣ ва ба 72 хоҷагии қисман зарардида 500 сомонигӣ, ҳамагӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ёрии молиявӣ расонид.

Инчунин, тибқи фармоиши Раиси Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз  22 январи соли 2016, №31/1-1-2 ба аҳолии аз заминларзаи 7 декабри соли 2015 пурра зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сарфи назар аз мавҷудияти шартномаҳои суғуртавӣ ба маблағи 284 ҳазор сомонӣ ва ба 504 хоҷагии қисман зарардида 252 ҳазор сомонӣ, дар маҷмўъ  536 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонид.

Изображение 023

Корхона ба буҷети Ҷумҳурӣ 13 миллиону 384 ҳазор сомонӣ маблағ ирсол намуд, ки аз ин 7 миллиону 937 ҳазор сомониаш тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, №650 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби суғуртаи намудҳои ҳатмӣ буда, 5 миллиону 447 ҳазор  сомониаш дигар намудҳои андоз мебошад, ки аз ин маблағ 2 миллиону 803 ҳазор сомониаш ҳаққи андози иҷтимоиро дарбар мегирад.

Корхона ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру тармими биноҳои маъмурии филиалҳои худро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда, баҳри саҳм гузоштан дар ободонии мамлакат ва беҳтар намудани шароити кории кормандон    дар арафаи ҷашни  мазкур биноҳои нави замонавиро барои филиалҳои худ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Дустӣ ба истифода дод.

Корхона муттасил ба раванди паст намудани сатҳи камбизоатии     аҳолӣ мусоидат намуда, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №АП-159 “Дар бораи кумакрасонии доимии хайрия ба муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактабӣ, статсионарӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ” ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди Ҷумҳурӣ ба маблағи 96 ҳазор сомонӣ кўмакҳои яквақтаинаи моддӣ расонид, ки аз ин маблағ 12 ҳазор сомонӣ ҳамчун сарпараст ба мактаб-интернати ятимони деҳаи Арали ноҳияи Восеъ ва 84 ҳазор сомонӣ ба кўдакону наврасони ятим, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳои камбизоат, пиронсолону маъюбон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ равона гардиданд.

Изображение 031

Роҳбарияти Корхона ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» қабули шаҳрвандонро дар як ҳафта ду маротиба-рўзҳои чоршанбе ва шанбе ба роҳ монда, баррасии холисонаву ҳаматарафаи муроҷиатҳои шаҳрвандон ва арзу дархостҳои воридшавандаро ба назорат гирифтааст.

Дар ин давра ба КВД «Тоҷиксуғурта» 260 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид шуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби роҳбарияти Корхона ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар масъалаҳои пардохти товони зарари ба саломатӣ ва ё ба молу амволашон аз ҳодисаҳои суғуртавӣ расидаро дар бар гирифта, саривақт ҳалли худро ёфтанд.

Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» тасмими ҷиддӣ доранд, ки дар семоҳаи чорум ва ҷамъбасти соли 2016 ба натиҷаҳои дилхоҳи иқтисодию молиявии Корхона ноил гашта, тавассути меҳнати софдилона ва баланд бардоштани маданияти хизматрасониҳои суғуртавӣ ба аҳолӣ, дар устуворгардонии иқтидори молиявӣ ва буҷети Ҷумҳурӣ саҳми муносиб гузоранд.

Изображение 082

Share to MyWorld
Share to Odnoklassniki

3 комментарии

Обсуждение закрыто.