Сухани табрикотии Директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» ба муносибати Рӯзи модар

Модарону хоҳарони гиромӣ,

бонувони азиз ва ҳамкасбони мӯҳтарам,

     IMGP77651 Бузургдошт ва эҳтирому қадрдонӣ ба заҳматҳои Модар қарзи фарзандии ҳар яки мост.
Комёб шудан ба зиндагии осуда ва баракати рӯзгор тавассути дуои Модар, ки онро Худованд мустаҷоб мегардонад, ба мо муаяссар мешавад. Аз ин лиҳоз, месазад, ки мо модаронро бо эътироф ба муқаддасоташон азиз донем, парасторӣ кунем ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем. Бо дастури Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли шашум аст, ки 8-март ҳамчун Рӯзи Модар бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад ва ин дастур бори дигар моро ба бузургдошти Модар, ба эҳтирому гиромидошти шахси азизтарини ҳар кадоми мо ҳидоят месозад. Бо истифода аз фурсати муносиб, дар ин рӯзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат шумо-модарону хоҳарони азиз ва ҳамаи онҳоеро, ки лаҳзае аз инояту меҳрубонӣ ва парастории Шумо фориғ нестанд, ба ифтихори Рӯзи Модар аз самими қалб табрик мегӯям. Ба феҳристи ҷашнҳои расмии кишвари соҳибистиқлоламон ворид шудани Рӯзи Модар амри тасодуфӣ набуда, иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад. Бино ба гуфтаи мутафаккири барҷаста Абӯрайҳони Берунӣ, анъанаи ҷашнгирии иди Модар дар байни ҷашну маросимҳои мардуми тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим роиҷ будааст.
Мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадим ба қадру мартабаи волои Модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад.
Мехоҳам хотирнишон созам, ки мо бояд модарону бонувонро натанҳо дар рӯзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри муҳаббату меҳрубонии онҳо расем ва мақоми баландашонро пос дорем.
Чунки, зан ҳам дар мақоми баланди Модар ё ҳамсар, ҳам дар сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад.
Вале, барои ҳар инсон, зан пеш аз ҳама Модар аст ва бузургии ӯ бар пояи рисолати муқаддаси ҳаётбахшаш бунёд шудааст.

8-март

Гузашта аз ин, Зан – Модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад.
Инкишофи маънавӣ ва тарбияи ахлоқии фарзанд, қабл аз ҳама, ба нақши Модар вобастагӣ дорад, зеро дар хона маҳз Модар эҳсоси меҳрубониву ҳамдардӣ, ҳамдиливу ғамхорӣ, муҳаббат ба наздикон, сабру таҳаммул ва тартибу низоми хонаводаро фароҳам оварда, ба фарзандони худ расму таомули оилавиро меомӯзонад.
Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми Модар қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои ӯ аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фард маҳсуб меёбад.
Бузургони гузаштаи адабу фарҳанги мо гуфтаанд, ки: «Як Модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад».
Нақши Модар дар камолоту ташаккули шахсияти фарзанд бениҳоят буда, солеҳтарин фарзанд ҳамонест, ки аз ризоияти Модар бархурдор бошад.
Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро бахши муҳимми сиёсати иҷтимоии худ медонад.
Занону модарон дар баробари тарбияи фарзанд дар ободонии сарзамини аҷдодиамон саҳми шоиста дошта, ҳамзамон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат дар баробари мардон заҳмат мекашанд.
Саҳми занон хусусан дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар бештар буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боз ҳам фаъолтар гардонидани нақши занон дар ҷомеа қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Хушбахтона, имрӯз занони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта»низ чун дигар заноне, ки дар зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ фаъолият доранд, дар пешрафти соҳаи суғуртаи давлатӣ ҳиссаи муносиб доранд.
Имрӯз дар КВД «Тоҷиксуғурта» 315 нафар занон фаъолият менамоянд, ки аз ин 1 нафар ба ҳайси муовини Директори генералӣ, 3 нафар сардорони шуъбаҳо, 13 нафар мутахассисони раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, 5 нафар директорон ва 14 нафар сармуҳосибони филиалҳои шаҳрию ноҳиявӣ, инчунин 280 нафар занон ба ҳайси мутахассисон ва маъмурон дар воҳидҳои сохтории Корхона фаъолият доранд, ки мо аз кори онҳо қаноатмандем.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз Шумо ва фаъолияти рӯзмарраатон иҷозат диҳед бори дигар ҳамаи шумо – модарону бонувони меҳрубонро ба ифтихори Рӯзи Модар сидқан табрик гӯям.

Хушбахтию рӯзгори бобаракату осудаи Шумо таманнои ҳамешагии мост.
Рӯзи Модар ба ҳама муборак бошад!

Share to MyWorld
Share to Odnoklassniki