Сухани табрикотии Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта»

Назаре ба таърих ва моҳияти суғурта

      Ҳамаи мо имрўзҳо дар арафаи ҷашни 90-солагии суғуртаи давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорем.
Навад сол аст, ки «Тоҷиксуғурта» ба мардум хизмати суғуртавӣ расонида, дар байни аҳолӣ мавқеъу эътибори худро нигоҳ доштааст.
      Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам Шуморо дар арафаи ин ҷашн-Иди касбии суғуртачиён, 90-солагии таъсисёбии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” самимона табрик гўям.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи давлатӣ ҳанўз соли 1924 дар асоси Қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, Комиссариати халқии молияи Ҷумҳурӣ таъсис ёфт ва дар сохтори он Идораи суғуртаи давлатӣ низ ташкил карда шуд. Суғурта чун системаи муҳофизати амволи шаҳрвандон унсури зарурии сохти иқтисодӣ – иҷтимоии ҷомеа мебошад ва ба мустаҳкам гардидани низоми молиявии давлатӣ таъсири мусбат мерасонад, яъне суғуртакунӣ фаъолиятест, ки манфиатҳои шахсони воқеъӣ ва хуқуқиро аз оқибатҳои ҳодисаҳои нохуши табиӣ аз ҳисоби маблағҳои суғуртавӣ ҳимоя менамояд.
      Аз қадимулайём инсон мекўшид, ки корҳояш банизом ва кирдораш аз асорати мол ва фасод раҳоӣ ёбад, молу амволаш зарар набинад ё бар ивази зиёни расида арзиши ў ҷуброн гардад. Маҳз бо ҳамин мақсад молу амволашонро зери ҳимояи бима (суғурта) қарор медоданд.
      Баъди ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ дар фаъолияти суғуртаи давлатӣ давраи нави таърихӣ оғоз ёфт.
Раванди демократӣ тақозо менамуд, ки баробари тағйироти сохторҳои сиёсию-иқтисодӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳолати иҷтимоии сокинони Ҷумҳурӣ ба сохтори суғурта низ тағйироту иловаҳо дохил карда шавад.
Бо ин назардошт, бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 2 августи соли 1991, №421 дар заминаи Саруправленияи суғуртаи давлатии назди Вазорати молияи Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистии фаъолияткунанда Ташкилоти давлатии тиҷоратии умумииттифоқии суғуртаи давлатӣ таъсис ёфт. Вазорати молияи Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ аз роҳбарии бевоситаи суғуртаи давлатӣ озод гашт. Яъне, Ташкилоти давлатии тиҷоратии тоҷикистонии суғуртаи давлатиро вориси ҳуқуқҳои Правленияи суғуртаи давлатии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ эълон намуда, вазифаи гузаронидан ва анҷом додани намудҳои суғуртакунии давлатии ҳатмӣ ва ихтиёриро ба зиммаи Ташкилоти мазкур вогузор намуд.
      Баъдан, бинобар он, ки суғурта хусусияти тиҷоратӣ надошт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 18 августи соли 1994, №405 Созмони тиҷоратии суғуртаи давлатиро ба Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» табдил дода, боққарори дигари худ аз 30 августи соли 2011, №429 Ширкати давлатии суҷуртаи Тоӣикистон “Тоӣиксуҷурта”-ро Корхонаи воіиди давлатии “Тоӣиксуҷурта” номгузорҳ кард.
      Дар давраи пеш аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурӣ сафи кормандон аз ҳисоби занҳо кам буд. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” ва “Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, инчунин дигар дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба мавқеи занҳо диққати зарурӣ дода шуд ва ҳоло дар Корхона ва филиалҳои он зиёда аз 300 нафар занҳо фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо бо назардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордониашон вазифаҳои масъулро ба зимма дошта, зиёда аз даҳ нафар занҳо ба ҳайси роҳбарони филиалҳо ва сардорони шўъбаҳои Дастгоҳи марказии Корхона кор мекунанд.
      Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” масъалаи интихоб ва ба вазифаҳои масъул таъин кардани занон, тарбияи кадрҳои ҷавони роҳбарикунандаро аз ҳисоби занону духтарон, махсусан дар филиалҳои маҳаллии худ зери назорати доимӣ қарор додааст.
      Бояд тазаккур дод, ки «Тоҷиксуғурта» бо вуҷуди ҳама мушкилоти молиявию иқтисодии дар ин давра дучоромада бо андешидани тадбирҳои мушаххас тавонист, ки мавқеи худро дар бозори суғурта муътадил нигоҳ дошта, ҳамзамон дар раванди босуръати тараққиёти Кишвар саҳми муносиб гузорад.
      Тавассути андешидани чораҳои судманд буд, ки фаъолияти молиявии “Тоҷиксуғурта” сол то сол афзуда воридшавии пардохтҳои суғуртавӣ, ки дар соли 2008-ум 29 миллиону 841 ҳазорро ташкил медод, ба якуми январи соли 2014 ин нишодиҳанда ба 65 миллиону 208 ҳазор сомонӣ расид, ки 35 миллиону 367 ҳазор сомонӣ ё 118,5 фоиз зиёд шудааст.
Миқдори шартномаҳои суғуртавӣ дар соли 2008-ум 893 208 ададро ташкил медод, ки ба ҳолати имрўза ин нишодиҳанда ба 1 миллиону 384 ҳазор расида, 491 ҳазор адад, ё 55 фоиз зиёд гардидааст.
      Ҳақгузории товони зарар ба аҳолӣ дар соли 2008-ум 5 миллиону 685 ҳазор сомонӣ буд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2014 ин нишондиҳанда ба 13 миллиону 486 ҳазор, расида,7 милллиону 801 ҳазор сомонӣ ё 137,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Соли 2008 миқдори умумии кормандони “Тоҷиксуғурта” 894 нафарро ташкил медод, ки ба ҳолати имрўза ин шумора ба 1034 нафар расида, дар ин муддат 140 ҷойҳои кории нав ташкил гардида, шаҳрвандон ба кори доимӣ таъмин гардиданд.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, нишондиҳандаҳои иқтисодии “Тоҷиксуғурта” сол аз сол рў ба афзоиш дошта, аз мавқеъи сазовор доштани он дар бозори суғуртаи Ҷумҳурӣ ва хизматрасониҳои бомуносиби Корхона шаҳодат медиҳанд.
Айни замон «Тоҷиксуғурта» бо 72 филиали худ дар вилояту минтақа ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ бо доштани биноҳои замонавии маъмурӣ ва муҷаҳҳаз бо нақлиёти хизматию мутахассисони маълумоти олидор фаъолияташро дар самти хизматрасонии суғуртавӣ ба мардуми Кишвар муваффақона анҷом дода истодааст.
      Илова бар ин Корхона дар даврони соҳибистиқлолии Кишвар бо мақсади мусоидат ба раванди паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз ҳисоби фоидаи бадастоварда ба ашхоси барҷомонда, бепарастор ва эҳтиёҷманд дар арафаи ҷашну маросимҳо зиёда аз панҷ миллион сомонӣ кўмакҳои молиявӣ расонидааст.

      Баробари зиёд шудани маблағҳои суғуртавӣ хақгузории он ба зарардидагон ва дохил намудани маблағ ба буҷаи Ҷумҳурӣ меафзояд ва дар ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет саҳмгузор мебошад. Маблағҳои ба буҷаи Ҷумҳурӣ воридшуда барои ободонии кишвар, маоши кормандони соҳаи буҷавӣ, стипендия ва нафақа равона карда шудаст.
      Дар пешрафт ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғурта вазорату кумитаҳо, идора ва ташкилоту муассисаҳои чумҳуриявӣ ёрии амалӣ расонида, ҳамкории худро бо «Тоҷиксуғурта» рўз то рўз мустаҳкамтар мегардонанд.
      Имрўз Корхона бо ташкилотҳои суғуртавии мамолики хориҷ – Ингосстрахи Федератсияи Россия, Киргизинстрахи Ҷумҳурии Қирғизистон, ҶСКС «Всероссийская страховая компания», Ширкати бимаи миллии Афғон ва дигар Ширкатҳои бурунмарзӣ робита дошта, бо мақсади ба роҳ мондани хизматрасонии суғуртавӣ ва таъмини кафолати ҷуброни зарар ҳангоми расонидани осеб ба ҳаёт ва саломатии шахсони ба хориҷа сафаркунанда шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки ки тибқи он Ширкатҳои суғуртавии мазкур ба шахсони дорои полисҳои суғуртавии «Тоҷиксуғурта» хизматрасонии суғуртавиро ба ўҳда гирифтаанд.
      Боиси ифтихор аст, ки барои хизматҳои шоиста ва саҳми муносиб гузоштан дар рушди соҳаи суғуртаи давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди «Тоҷиксуғурта» 12 нафар кормандони “Тоҷиксуғурта” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ-медали Хизмати шоиста ва як нафар корманд бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Инчунин номзадии зиёда аз 30 нафар кормандон аз Дастгоҳи марказӣ ва Филиалҳои маҳаллӣ низ ба ин мукофот пешниҳод гардида буданд.
      Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷаҳду талошҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ва кормандони он дар мавриди меҳнату адои хизмати софдилона ба Ватани соҳибистиқлоламон барабас набуда, дар маркази диққату таваҷҷўҳи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Кишварамон қарор дорад ва ин қадрдонӣ масъулияти ҳамаи моро дар муносибати ҷиддитар доштан ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ афзун менамояд.
      Корхона бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва арҷгузорӣ ба фаъолияти самараноку бардавоми кормандон ва саҳми муносиб дар баланд бардоштани маданияту сифати хизматрасонӣ, иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи суғуртаи давлатӣ ва масъулияти хоса зоҳир намудан дар фаъолияти касбию меҳнатӣ имрўз як қатор кормандон ва собиқадрони соҳаи суғуртаи давлатиро дар арафаи 90-солагии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» бо Ифтихорнома сарфароз гардонид.
Ҳамзамон барои саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғуртаи давлатӣ Сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал майори милиса Саидов Маҳмадсаид Боронович, сардори Шўъбаи БДА дар шаҳри Душанбе полковники милиса Насимов Акбар Ғиёсович, муовини директори генералии ҶСП “Фароз”, ва директори ҶДММ “Муҳрсоз”, инчунин дигар муассисаву ташкилотҳое, ки дар пешрафт ва рушди суғурта дасти ёрӣ доранд, дар арафаи 90-солагии КВД “Тоҷиксуғурта” қадрдонӣ ва бо ифтихорнома сарфароз гардидаанд.

Share to MyWorld
Share to Odnoklassniki
Источник: otvetting.ru