Намудҳои суғурта

Ҳатмӣ

Намудхои cyғyртаи – ҳатмӣ Суғуртаиҳ ҳатмӣ мувофиқи санадҳои дахлдори қонунп ҷорӣ карда мешавад.
Суғуртаи ҳатмии амвол бемӯҳлат аст, яъне он то лаҳзае амал мекунад, ки амволи суғурташаванда дар хоҷагӣ вуҷуд дорад.
Суғуртаи ҳатмии шахсӣ бошад, мӯҳлати муайян дорад ва пурра аз супоридани ҳақи суғуртавӣ вобаста мебошад.

Номгуи намудҳои суғуртаи ҳатми
1. Суғуртаи ҳатмии давлати аз ҳодисаҳои нохуши барои шахсоне, ки дар корҳои барои хаёт ва саломати хавфнок кор мекунанд.
2. Суғуртаи ҳатмии давлатии шахсии хизматчиёни ҳарби, уҳдадорони ҳарби, шахсони ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили ва Кумитаи амнияти Милли ҶТ.
3. Суғуртаи ҳатмии давлатии амволи кишоварзи сарфи назар аз шакли моликият.
4. Суғуртаи ҳатмии шахсии шахсони мансабдори мақомоти гумруки ҷумҳурии Тоҷикистон.
5.Суғуртаи ҳатмии давлатии Президенти ҷумхурии Тоҷикистон.
6.Суғуртаи ҳатмии давлатии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт.
7. Суғуртаи ҳатмии давлатии хизматчиёни давлати.
8.Суғуртаи давлатии мусофирони нақлиёти автомобили, оби, ҳавои ва рохи оҳан.
9.Суғуртаи Раиси Маҷлиси Оли ҶТ ва Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, узви Маҷлиси Милли ва вакили Маҷлиси Намояндагони, Маҷлиси Олии ҶТ, роҳбарони дастгоҳои Маҷлиси Милли ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.
10.Суғуртаи ҳатмии прокурорҳо ва муфатишон.
11.Суғуртаи ҳатмии судяҳо.
12.Суғуртаи ҳатмии иморатҳо иншоотҳо ва амволи корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият аз сухтор.
13.Суғуртаи ҳатмии мусофирон дар мавриди интиқоли байналхалқии автомобили.

 

Ихтиёрӣ

Намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ.

Суғуртаи ихтиёрии давлати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон ҷорӣ карда шудааст. Суғуртаи ихтиёрӣ назар 6а суғуртаи ҳатмӣ хусусиятҳои хоси худро дорад.

Ба суғуртаи ихтиёрӣ на ҳамаи амвол қабул карда мешавад. Масалан чорвои касал, шахсони маҷрӯҳӣ гурӯҳҳои 1-2 ва шахсони сину солашон зиёда аз 80 сола ба суғурта фаро гирифта намешаванд. Дигар хусусиятҳои суғуртаи ихтиёрӣ аз он иборат аст, ки он мӯҳлати муайян дорад. Ҳоло чунин намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ вуҷуд доранд;

1. Суғуртаи иморатҳои шахсии шаҳрвандон;
2. Суғуртаи амволи хона;
3. Суғуртаи чорвои шахсӣ;
4. Суғуртаи воситаҳои нақлиёт;
5. Суғуртаи амволи ҳавлӣ;
6. Суғуртаи муштараки иморатҳо ва амволи хона;
7. Суғуртаи амволи шахсиятҳои ҳуқуқӣ;
8. Суғуртаи хавопаймоӣ;
9. Суғуртаи амволи гарав;
10. Суғуртаи бори нақлиёт;
11. Суғуртаи амволи шаҳрвандоне, ки бо фаъолияти меҳнатии шахсӣ машгуланд;
12. Суғуртаи муштараки ҳаёт;
13. Суғуртаи кӯдакон;
14. Суғуртаи аз ҳодисаҳои нохуш;
15. Суғуртаи коллективии заҳматкашон аз ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳо ва муассисаҳо;
16. Суғуртаи муштараки ҳаёт аз ҳисоби корхона;
17. Суғуртаи мактаббачагон аз ҳодисаҳои нохуш;
18. Суғуртаи мусофироне, ки берун аз қаламрави ҷумҳурӣ сафар мекунанд;
19. Суғуртаи сайёҳон аз ҳодисаҳои нохуш;
20. Суғуртаи мусофирон;
21. Суғуртаи тиббӣ.

 

Share to MyWorld
Share to Odnoklassniki
Кабачковое пюре для ребенка от http://okulinar.ru/ детям оно очень нравится.