Мулоқот бо Ноиби Президент – Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт

Дар шаҳри Ню-Йорк 21 сентябри соли 2017 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президент – Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт баргузор шуд.

электрикАз имкони мулоқоти дуюм дар давоми соли равон изҳори аноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки уколамаҳои доимӣ дар оянда ба густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Ширкати “Ҷенерал Электрик” такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои манфиатборро дар соҳаи энергетика ва истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таъмини таҷҳизоти муосири энергетикӣ таъкид карда, изҳори боварӣ намуданд, ки истифодаи таҷриба ва имконияти муосири Ширкати “Ҷенерал Электрик” метавонад дар пешрафти соҳаҳои номбаршуда нақши калон гузорад.

Дар мулоқот доир ба дигар паҳлӯҳои манфиатбори ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Штатҳои Муттаҳидаи Америка табодули афкори судманд доир гардид.

Share to MyWorld
Share to Odnoklassniki