Маълумот оид ба фаъолияти соҳа

124470
      Мувофиқи маълумоти фаврӣ, нақшаи пешбинишудаи воридоти маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ дар соли 2012-ум оид ба ҳамаи намудҳои суғурта 129,7 фоиз, аз ҷумла оид ба намудҳои ҳатмии суғурта, 124,9 фоиз ва намудҳои ихтиёрии суғурта 144,1 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,1 ва 16,0 фоиз зиёд мебошад
      КВД «Тоҷиксуғурта» дар соли 2012 ба 16,6 ҳазор нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст, ба маблағи 11 млн 940 ҳазору 400 сомонӣ ҷуброни зарар талофӣ намудааст, ки нисбати соли 2011 ҳамагӣ 1 млн 329 ҳазору 100 сомонӣ, (12,5 фоиз), аз ҷумла оид ба намудҳои ҳатмии суғурта 522,7 ҳазор сомонӣ, (8,7 фоиз) ва оид ба намудҳои ихтиёрии суғурта 806,4 ҳазор сомонӣ, (17,6 фоиз) бештар маблағ пардохт карда шуд
      Бо мақсади ҳиссагузорӣ дар Ҳуҷҷати стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ аз ҳисоби фоидаи бадастовардаи КВД «Тоҷиксуғурта» ба ашхоси эҳтиёҷманд, маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, хонаҳои пиронсолон, бепарпасторон, шахсони яккаю танҳо, ятимон ва муҳтоҷон ба андозаи 88 ҳазор сомонӣ кўмакҳои молиявӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 7600 сомонӣ зиёд мебошад.
Шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти КВД «Тоҷиксуғурта» дар давоми соли 2012 ба ҳамаи 475 муроҷиатҳои хаттиашон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
      Мавқеи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати воридоти ҳаққи суғуртавӣ 43,0 ва нисбати пардохти товони зарар бошад 90,0 фоизро ташкил менамояд.
Баҳри саҳм гузоштан дар ободонии мамлакат ва беҳтар намудани шароити корӣ ба кормандон дар ноҳияи Вахш бинои нави маъмурӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ноҳияҳои Рашт ва Кўҳистони Мастчоҳ сохтмони биноҳои нави маъмурӣ идома дорад. Таъмиру тармими бинои маъмурии КВД «Тоҷиксуғурта» низ дар ин давра анҷом ёфт, ки ҳамаи ин ба пешрафти фаъолияти суғурта мусоидат менамояд.
      Дар соли 2012 шартномаҳои ҳамкорӣ бо Ширкати суғуртавии Ҷумҳурии Қазоқистон «Евразия» баста шуданд. Баҳри таъмини кафолати талофии ҷуброни зарар ҳангоми расонидани осеб ба ҳаёт ва саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони ба хориҷа сафаркунанда бо Ширкати хизматрасонии «Балт Асисстантс ЛТД»-и Федератсияи Руссия, ки дар тамоми ҷаҳон фаъолият менамояд, шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.
      Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» КВД «Тоҷиксуғурта» қоидаҳои суғуртаи намудҳои ҳатмӣ ва иҳтиёриро аз нав таҳия намуда, барои 5 соли оянда иҷозатномаро барои фаъолияти суғуртавӣ гирифтааст.
КВД «Тоҷиксуғурта» ба нақша гирифтааст, ки дар соли 2013 оид ба ҳамаи намудҳои суғурта 55,2 миллион сомонӣҳаққи суғуртавӣ ворид намояд, ки нисбат ба нақшаи соли 2012-ум 10, 7 млн сомони зиёд мебошад. .
Корхона ба хотири соҳиб шудан ба боварии мардум, бо расонаҳои хабарӣ, садою симо, рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣҳамкориҳоро густариш дода, пайваста аз бурду бохт ва фаъолияти ҳамарӯза мардуми кишварро огоҳ менамояд. Аз ин ҷост, ки шумораи шартномаҳои суғуртавӣ бо мизоҷон сол аз сол афзуда истодааст.

Share to MyWorld
Share to Odnoklassniki