Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта»: Натиҷаи фаъолият дар соли 2011

itogi-za-yanvar-2010 КВД «Тоҷиксуғурта» дар соли 2011 ба 14 ҳазору 100 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст ба маблағи 10 миллиону 137 ҳазору 200 сомонӣ ҷуброни зарар талофӣ намудааст. Дар соли 2011 ба буҷаи Ҷумҳурӣ ба андозаи 5миллиону 699 ҳазору 300 сомонӣ маблағ гузаронида шуд, ки 2 миллиону 482 ҳазору 100 сомониаш пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ мебошанд. Маблағҳои ба Буҷет гузаронидашуда нисбати давраи муқоисавӣ мутаносибан оид ба ҳамаи намудҳои андоз 985 ҳазору 500 сомонӣ, ё 20,8 фоиз ва оид ба пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ 250 ҳазору 300 сомонӣ, ё 11,2 фоиз бештар мебошад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон» аз 3 декабри соли 2010, № 650 дар давоми соли 2011 аз ҳисоби намудҳои ҳатмии суғурта 29 миллиону 450 ҳазору 700 сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Бо мақсади ҳиссагузорӣ дар Ҳуҷҷати стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ аз ҳисоби фоидаи ба даст овардаи КВД «Тоҷиксуғурта» ба ашхосони эҳтиёҷманд, маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, хонаҳои пиронсолон, бепарпасторон, шахсони яккаю танҳо, ятимон ва муҳтоҷон ба андозаи 80 ҳазору 400 сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ расонида шудааст. Ҳиссаи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ оид ба воридшавии маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ 51,3 ва ҳақгузорӣ ба зарардидагон дар соли 2011-ум 77,5 фоизро ташкил мекунад. Бо мақсади саҳм гузоштан дар ободу зебо гардонидани минтақаҳои Ҷумҳурӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои нави маъмурии филиалҳои КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияҳои Қумсангир, Шаҳристон Нуробод, Данғара, Турсунзода ва Ванҷ сохта ба истифода дода шуда, дафтарҳои кории филиалҳо дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Вахш, Хуросон, минтақаи Кӯлоб, Варзоб, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Ҷиргатол, Тоҷикобод, Конибодом, Дарвоз, Норак, И.Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансур пурра аз таъмири капиталию ҷорӣ бароварда шуданд, ки ба пешрафти фаъолияти суғурта дар ноҳияҳои номбурда мусоидат хоҳад намуд. Дар соли 2011 барномаҳои телевизионӣ аз тарафи Филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи он дар телевизиони ҷамъиятии «Пойтахт», «Ҷаҳонамо» ва бо студияи якуми ТВТ бо иштироки мутахассисони соҳаи суғурта ба шаҳравандон намоиш дода шуданд. Дар барномаи радиошунавонии «Радиои Садои Душанбе» оид ба бурду бохти КВД «Тоҷиксуғурта», тозатарин хабарҳо, маълумотномаҳои аҷиб ва суҳбат бо ронандаҳоро ба саҳми шунавандагон расонидаистодаанд, ки ин метавонад маърифати шаҳрвандонро бо КВД «Тоҷиксуғурта» дар самти ҳамкорӣ намудан беҳтар гардонад.

Share to MyWorld
Share to Odnoklassniki