Ифтитоҳи майдончаи варзиши дар кучаи М.Маҳмадали (Фучик)-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Изображение 193

Дар асоси банди 8 Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишї дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо Фармоиши Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, №9-ф тасдиқ гардидааст ва банди 3 Протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 24 феврали соли 2017, №2к/9-24, њамзамон банди 2 қарори Раиси шањри Душанбе аз 28 феврали соли 2017, №85 Корхонаи воҳиди давлатии «Тољиксуѓурта» майдоначаи варзиши сохтаашро дар кўчаи М.Маҳмадалї (Фучик)-и ноњияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, назди бинои истиқоматии 100/1, санаи 4 августи соли 2017 дар иштироки роҳбарияти Корхона, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинї ва раиси ноҳияи Фирдавсї Табарзода Ҷамшед ба истифода дод.

Изображение 222

Майдончаи варзишӣ барои сокинони кучаи М.Маҳмадали  (Фучик)-и ноњияи Фирдавсии пойтахт њамчун тӯҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Соли ҷавонон буда, иншооти мазкур аз майдончаи универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ ва нишастгоҳҳо барои истироҳати сокинон иборат буда,» он аз тарафи Ширкати сохтмонии ҶСП «Сомон-Таҷҳизот сохат шуда, дар масоҳати 750 метри мураббаъ доман паҳн кардааст.

Изображение 173

Бо бунёди ин ва дигар иншооти варзишӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар баробари фароҳам омадани шароити арзандаи истироҳату фароѓати сокинон, тамрину ба варзиш машѓул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхӯшии кӯдакон гӯшаҳои гуногуни пойтахт ободу зебо мегарданд, ки ин аз ҳадафњои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои мусоири шаҳрсозӣ ба шумор меравад.

Изображение 161

Share to MyWorld
Share to Odnoklassniki