Баррасии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар соли 2014 бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма

  • 3
  • 4
  • 5
  • 1
  • 2
  • 6
jQuery Slideshow by WOWSlider.com v5.2

      Дар соли 2014 Корхона бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати Давлат дар соҳаи суғуртаи давлатӣ корҳои муайянеро ба сомон расонид.
      Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар соли 2014 Корхона бо 1 миллиону 388 ҳазору 129 ашхоси воқеиву ҳуқуқӣ шартномаҳои суғуртавӣ баст, ки аз он 367 ҳазору 481 адад ба шартномаҳои намудҳои ҳатмии суғурта ва  1 миллиону 20 ҳазору 648 адад ба шартномаҳои намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб аст.
      Нисбати соли 2013 оид ба  ҳамаи намудҳои суғурта 4 ҳазору  500 шартнома, аз ҷумла оид ба намудҳои ҳатмии суғурта 1 ҳазору  82 шартнома ва оид ба намудҳои ихтиёрии суғурта 3 ҳазору 418 шартнома бештар шартнома баста шуд.
      Оид ба ҳамаи намудҳои суғурта мувофиқи маълумоти фаврӣ 64 миллиону 840 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ ворид гардида, нақшаи пешбинишудаи соли 2014  110,1 фоиз иҷро шуд.
      Аз маблағҳои ҳаққи суғуртавии дар ин давра воридшуда 66,3 фоиз ба намудҳои ҳатмии суғурта ва 33,7 фоиз ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб мебошад.
      Ҳаққи суғуртавии дар соли 2014 воридгардида, нисбати ҳаққи суғуртавии дар соли 2013 воридшуда оид ба ҳамаи намудҳои суғурта 5 миллиону 562 ҳазор, ё 9,4 фоиз, аз ҷумла оид ба намудҳои ҳатмии суғурта 4  миллиону 175 ҳазор сомонӣ, ё 10,4 фоиз ва оид ба намудҳои ихтиёрии суғурта 1 миллиону 387 ҳазор сомонӣ ва ё 7,3 фоиз бештар  мебошад.
      Аз маблағҳои ҳаққи суғуртавии воридгардида 13 миллиону 571 ҳазор сомонӣ ба 11 ҳазору 641 нафар ашхоси молу амволашон нобуд ва ё вайронгардида, инчунин ба шаҳрвандони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида ҳақгузорӣ карда шуд.
      Ҳиссаи «Тоҷиксуғурта» дар ҳаҷми воридоти маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ нисбат ба бозори суғуртаи Ҷумҳурӣ 50 ва пардохти ҷуброни зарар 97 фоизро ташкил медиҳад.
      Аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи суғуртавии воридгардида, дар соли 2014 8 миллиону 266 ҳазор сомонӣ ба буҷети Ҷумҳурӣ  гузаронида шуд, ки 3 миллиону 714 ҳазор сомониаш пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ буда, дар муқоиса нисбат ба соли 2013 657 ҳазор сомонӣ, ё 2,6 фоиз бештар гаштааст.
      Ба замми ин, мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, № 650 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати  Тоҷикистон» дар соли 2014 аз ҳисоби намудҳои ҳатмии суғурта 17 миллиону 290 ҳазор сомонӣ ба буҷети Ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
      Соли 2014 Корхона аз ҳисоби фоидаи соф шароити кории кормандонро беҳтар карда, бинои нави маъмурии филиали худро дар ноҳияи Шуғнон ба истифода дод.
      Ҳамзамон ба муносибати 3000-солагии ноҳияи Ҳисор, ки дар сатҳи Ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, Корхона таъмири капиталии бинои маъмурии Филиали худро дар ноҳияи Ҳисор ба анҷом расонид.
      Таъмири капиталии биноҳои маъмурии филиалҳои Корхона дар ноҳияҳои Восеъ ва Бохтар босуръат давом дорад.
      Ҷиҳати нигоҳдорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи кормандон 11 адад зиёд карда шуд, ки ба ҳолати имрӯза 1034 ададро ташкил дода,аз ин шумора 315 нафараш (30,5 фоиз) занон мебошанд. Теъдоди умумии ҳайати роҳбарикунанда дар «Тоҷиксуғурта» 111 нафар буда, аз ин 8 нафар (9%) занҳо мебошанд, ки дар сохторҳои «Тоҷиксуғурта» дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд.
      Ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи суғуртавии «Всероссийская страховая компания» натиҷаҳои ба мақсад мувофиқ дод.
      Дар соли 2014 аз 9 ҳазору 838 нафар муҳоҷирони меҳнатии таҳти суғурта фаро гирифта 1 милллиону 62 ҳазору 600 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид.
      Соли 2014 ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи суғурта байни «Тоҷиксуғурта» ва Ширкати бимаи миллии Афғон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд, ки дар оянда самараи дилхоҳ хоҳад дод.
      Корхона дар соли 2014 бо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба суғурта фаро гирифтани 6000 нафар шаҳрвандони ба Ҳаҷ сафаркунанда шартнома ба имзо расонид, ки аз ин ҳисоб 360 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид.
      Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон таҳти назорати доимии роҳбарияти Корхона қарор дошта,  соли 2014 шаҳрвандон ба 563 муроҷиати хаттиашон, ки бештар масъалаҳои пардохти товони зарари ба саломатӣ ва ё ба молу амволашон расидаро дарбар мегирифт, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
      Корхона бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №АП-159 ба андозаи 136 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои  яквақтаинаи моддӣ расонид, ки аз ин 28 ҳазор сомонӣ ҳамчун сарпараст ба мактаб-интернати ятимони деҳаи Арали ноҳияи Восеъ ва 108 ҳазор сомонӣ ба кӯдакону наврасони ятим, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳои камбизоат, пиронсолону маъюбон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки барои хизматҳои шоиста ва саҳми муносиб гузоштан дар рушди соҳаи суғуртаи давлатӣ дар арафаи бистусеюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди «Тоҷиксуғурта» директорони филиалҳои Корхона дар шаҳри Ваҳдат Абдуллоев Н. ва ноҳияи Бохтар Мирзоалиев Б. аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ-медали Хизмати шоиста қадрдонӣ карда шуданд.
      Соли 2014 “Тоҷиксуғурта” санаи хотирмони дигар – 90-солагии таъсисёбии суғуртаи давлатиро бо дастовардҳои муносиб пешвоз гирифта, кормандони алоҳидаро ба ин муносибат бо Ифтихорнома сарфароз гардонид.
      Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» пайваста ҷаҳд менамояд, ки минбаъд ҳам ба маданияти баланди хизматрасонӣ ноил гашта, аз иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда ба хубӣ барояд ва дар ғанӣ гардонидани буҷети Ҷумҳурӣ ва мустаҳкамгардонии пояи молиявии Кишварамон  саҳми  муносиб  гузорад.

Share to MyWorld
Share to Odnoklassniki